ТАВАҶҶУҲ!

Ёров Эраҷ Абдураҳимович – мудири шуъбаи ташкилӣ-молиявӣ ва ҳуқуқи Муассисаи давлатии «Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон».

Хатмкардаи шуъбаи Баҳисобгирии муҳосибӣ ва аудити факултети Иқтисодиёт ва менеҷменти Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон (соли 2009) мебошад.

Фаъолияти кориро аз вазифаи муҳосиб-хазинадори ҶДММ «Баҳор» ш. Душанбе (соли 2008) оғоз намудааст.

Аз соли 2010 то 2016 дар системаи Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вазифаҳои сармутахассии шуъбаи молияи Раёсати нақшабандӣ ва молияи Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ (то соли 2015), сардори Рёсати молия ва нақшабандӣ ва ҳамчун омӯзгори фанни «Баҳисобгирии муҳосибӣ ва аудит»-и Муассисаи давлатии «Маркази таълими калонсолони Тоҷикистон» фаъолият намудааст.

Аз соли 2016 дар Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вазифаи муҳосиб ва аз аввали соли 2017 ба ҳайси мудири шуъбаи ташкилӣ-молиявӣ ва ҳуқуқ кор карда истодааст.

 

Пойгоҳи додаҳои КОА

Пойгоҳи додаҳои КОА

Тақвим

01:39, 10th December 2023
«  Декабр 2023  »
ЯДСЧПҶШ
12
3456789
10111213141516
17181920212223
24252627282930
31