03 июни соли 2021, соати 11:00 дар Шӯрои диссертатсионии 6D.KOA-041 назди Институти масъалаҳои об, гидроэнергетика ва экологияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон (ш. Душанбе, к. Айнӣ, 14а, маҷлисгоҳ) ҳимояи диссертатсияи Ҳакимов Дилшод Шодиевич дар мавзӯи «Вобастагии хосиятҳои гармофизикӣ, оптикӣ ва реологии маҳлулҳои системаи бензол - эфири диизопропил аз консентратсияи нанонайчаи карбонӣ дар ҳароратҳо ва фишорҳои гуногун» оид ба дарёфти дараҷаи илмии номзади илмҳои техникӣ аз рўйи ихтисоси 01.04.14 - Гармофизика ва назарияи техникаи гармо баргузор мегардад.

Бо матни диссертатсия ва автореферати он тавассути сомонаи ИМО,ГЭ ва Э АМИТ ва дар китобхонаи Институт бо нишонии 734042, ш. Душанбе, кӯчаи Айнӣ, 14А шинос шудан мумкин аст.

 

Календарь

14:11, 20th May 2024
«  Май 2024  »
ВПВСЧПС
1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031