26 майи соли 2021, соати 12:00 дар Шӯрои диссертатсионии 6D.КОА-012 назди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон (ш. Душанбе, кучаи Буни ҳисорак, бинои № 17, синфхонаи 203) ҳимояи такрории диссертатсияи Аҳмедов Ҷовидон Толибович дар мавзӯи «Ҳалҳои даврӣ ва маҳдуди як синфи муодилаҳои дифференсиалии ғайрихаттии тартиби ду» барои дарёфти дараҷаи номзади илмҳои физикаю математика аз рӯйи ихтисоси 01.01.02 – Муодилаҳои дифференсиалӣ, системаҳои динамикӣ ва идоракунии оптималӣ баргузор мегардад.

Бо матни диссертатсия ва автореферати он тавассути сомонаи ДМТ ва дар китобхонаи марказии донишгоҳ бо нишонии 734025, ш. Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ шинос шудан мумкин аст.

 

Календарь

15:46, 20th May 2024
«  Май 2024  »
ВПВСЧПС
1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031