22 июни соли 2022, соати 13:30 дар Шӯрои диссертатсионии 6D.КОА-024 назди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон (ш. Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ, 17) ҳимояи Кушо Фаҳим дар мавзӯи «Нақши созмонҳои байналмилалӣ дар рушди маорифи Афғонистон (солҳои 2001-2016)» барои дарёфти дараҷаи илмии доктори фалсафа (PhD), доктор аз рўи ихтисоси 6D020302 – Таърихи умумӣ баргузор мегардад.

Бо матни диссертатсия ва автореферати он тавассути сомонаи ДМТ ва дар китобхонаи донишгоҳ бо нишонии 734025, ш. Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ, 17 шинос шудан мумкин аст.

 

Календарь

14:15, 20th May 2024
«  Май 2024  »
ВПВСЧПС
1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031