24 декабри соли 2022, соати 09:00 дар шурои диссертатсионии 6D.КОА-030 назди Пажуҳишгоҳи рушди маориф ба номи Абдураҳмони Ҷомии Академияи таҳсилоти Тоҷикистон (шаҳри Душанбе, кӯчаи Айнӣ, 126, маҷлисгоҳ) ҳимояи диссертатсияи Мирбобоева Бибиваҳӣ Мирбобоевна дар мавзуи «Ҳамкории муассисаҳои таълимӣ ва хонавода дар ташаккули муносибати мусбати хонандагон ба техника ва технологияи муосир» барои дарёфти дараҷаи илмии номзади илмҳои педагогӣ аз рӯи ихтисоси 13.00.05 - «Назария, методика ва ташкили фаъолияти фарҳангӣ-иҷтимоӣ» (13.00.05.03 - «Педагогикаи иҷтимоӣ ва худшиносӣ») баргузор мегардад.

Бо диссертатсия ва автореферат дар сомонаи Пажуҳишгоҳи рушди маориф ба номи Абдураҳмони Ҷомии Академияи таҳсилоти Тоҷикистон ва китобхонаи Пажуҳишгоҳ дар суроғаи 734063, шаҳри Душанбе, кӯчаи Айнӣ, 126 шинос шудан мумкин аст.

 

Календарь

13:20, 20th May 2024
«  Май 2024  »
ВПВСЧПС
1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031