06 июли соли 2023, соати 15:00 дар Шўрои диссертатсионии муштараки 6D.KOA-055 назди Институти физикаю техникаи ба номи С.У. Умарови Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон (734063, ш. Душанбе, хиёбони Айнӣ 299/1) ҳимояи диссертатсияи Ризои Баҳромзод дар мавзўи «Рушди усулҳои ҷудосозии селҳо аз γ-квантҳои энергияашон беҳад баланд аз рӯи маълумоти детекторҳои черенковии таҷҳизоти баландкӯҳӣ », барои дарёфти дараҷаи илмии номзади илмҳои физикаю математика аз рўйи ихтисоси 01.04.01 – «Асбобҳо ва методҳои физикаи таҷрибавӣ» баргузор мегардад.

Бо матни диссертатсия ва автореферати он тавассути сомонаи ИФТ ба номи С.У. Умарови АМИТ ва дар китобхонаи институт бо нишонии 734063, ш. Душанбе, хиёбони Айнӣ 299/1 шинос шудан мумкин аст.

 

Календарь

14:58, 20th May 2024
«  Май 2024  »
ВПВСЧПС
1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031