11 октябри соли 2023, дар соати 14:00 дар Шӯрои диссертатсионии 6D.KOA-011 назди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, дар факултети механикаю математика (734027, ш. Душанбе, кӯчаи Буни - Ҳисорак, бинои 17, синфхонаи 216) ҳимояи диссертатсияи Мухсинов Едгор Мирзоевич дар мавзӯи «Оид ба ҳалшавандагии масъалаҳои таъқибкунӣ ва гурехтан дар бозиҳои дифференсиалӣ» барои дарёфти дараҷаи илмии доктори илмҳои физикаю математика аз рӯйи ихтисоси 01.01.02 – Муодилаҳои дифференсиалӣ, системаҳои динамикӣ ва идоракунии оптималӣ баргузор мегардад.

Бо матни диссертатсия ва автореферати он тавассути сомонаи ДМТ ва дар китобхонаи донишгоҳ бо нишонии 734025, ш. Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ, 17 шинос шудан мумкин аст.

 

Календарь

16:08, 20th May 2024
«  Май 2024  »
ВПВСЧПС
1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031