21 ноябри соли 2023, соати 9:00 дар Шӯрои диссертатсионии 6D.KOA-050 назди Донишгоҳи технологии Тоҷикистон (ш. Душанбе, к. Н. Қаробоев 63/3, маҷлисгоҳ) ҳимояи диссертатсияи Раҳмонова Ҷамилахон Абдуҳамидовна дар мавзӯи “КОРКАРДИ ТЕХНОЛОГИЯИ МАҲСУЛОТИ ФУНКСИОНАЛИИ ҚАННОДИИ ОРДӢ БО ИЛОВАИ АШЁИ ҒАЙРИАНЪАНАВӢ ДАР МИСОЛИ ТОПИНАМБУР” барои дарёфти дараҷаи номзади илмҳои техникӣ аз рӯйи ихтисоси 05.18.01 - Технологияи коркард, нигаҳдорӣ ва коркарди хӯшагиҳо, лӯбиёгиҳо, маҳсулоти ғалладона, мевагию полизӣ ва ангурпарварӣ баргузор мегардад.

Бо матни диссертатсия ва автореферати он тавассути сомонаи ДТТ ва дар китобхонаи илмии донишгоҳ бо нишонии 734061, ш. Душанбе, кӯчаи Н. Қаробоев, 63/3 шинос шудан мумкин аст.

 

Календарь

16:29, 20th May 2024
«  Май 2024  »
ВПВСЧПС
1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031