20 феврали соли 2024, соати 13:00 дар Шурои диссертатсионии 6D.КОА-001 назди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон (ш. Душанбе, маҳаллаи Буни Ҳисорак, бинои таълимии № 15, толори шурои олимон) ҳимояи диссертатсияи Қувватзода Сайдулло Зувайд дар мавзуи «Сиёсати об ва истифодаи самараноки захираҳои обӣ дар шароити кишварҳои Осиёи Марказӣ» барои дарёфти дараҷаи илмии доктори илмҳои сиёсӣ аз рӯйи ихтисоси 23.00.04 - Проблемаҳои сиёсии муносибатҳои байналмилалӣ, инкишофи глобалӣ ва минтақавӣ баргузор мегардад.

Бо матни диссертатсия ва автореферати он тавассути сомонаи ДМТ ва дар китобхонаи донишгоҳ бо нишонии 734025, ш. Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ, 17 шинос шудан мумкин аст.

 

Календарь

16:18, 20th May 2024
«  Май 2024  »
ВПВСЧПС
1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031