25 январи соли 2024, соати 14:00 дар Шўрои диссертатсионии муштараки 6D.KOA-055 назди Институти физикаю техникаи ба номи С.У. Умарови Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон (734063, ш. Душанбе, хиёбони Айнӣ 299/1) ҳимояи диссертатсияи Латипова Сарвиноз Зикуллоевна дар мавзуи "Арзёбии энергия ва самти зарраҳои ибтидоӣ аз рўйи тасвири сели васеи атмосферӣ дар детекторҳои оптикии таҷрибаи Помир-XXI" барои дарёфти дараҷаи илмии номзади илмҳои физика ва математика аз рўйи ихтисоси 01.04.01 – Дастгоҳҳо ва усулҳои физикаи таҷрибавӣ, баргузор мегардад.

Бо матни диссертатсия ва автореферати он тавассути сомонаи ИФТ ба номи С.У. Умарови АМИТ ва дар китобхонаи институт бо нишонии 734063, ш. Душанбе, хиёбони Айнӣ 299/1 шинос шудан мумкин аст.

 

Календарь

13:23, 20th May 2024
«  Май 2024  »
ВПВСЧПС
1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031