5 апрели соли 2024, соати 14:00 дар Шӯрои диссертатсионии 6D.КОА-073 назди МДТ «Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б. Ғафуров» (ш. Хуҷанд, кӯчаи Мавлонбеков 1) ҳимояи диссертатсияи Хайруллозода Кароматулло дар мавзӯи «Таърихи таҳқиқоти бостоншиносии Тоҷикистони Шимолӣ (солҳои 1929-1989)» барои дарёфти дараҷаи илмии номзади илмҳои таърих аз рӯи ихтисоси 07.00.02 – Таърихи ватанӣ (таърихи халқи тоҷик) баргузор мегардад.

Бо матни диссертатсия ва автореферати он тавассути сомонаи МДТ ДДХ ба номи академик Б. Ғафуров ва дар китобхонаи донишгоҳ бо нишонии 735700, ш. Хуҷанд, кӯчаи И. Сомонӣ 224 шинос шудан мумкин аст.

 

Календарь

16:52, 20th May 2024
«  Май 2024  »
ВПВСЧПС
1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031