10 апрели соли 2024, соати 14:00 дар Шурои диссертатсионии 6D.KOA-064 назди Институти зироаткории Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон (ш. Ҳисор, кӯчаи Дӯстӣ) ҳимояи диссертатсияи Намозов Амонулло Каримхонович дар мавзӯи “Омӯзиши агробиологии коллексияи навъҳои себҳои маҳаллӣ, воридоти ва шаклҳои ёбоии онҳо дар шароити водии Ҳисор” барои дарёфти дараҷаи номзади илмҳои кишоварзӣ аз рӯйи ихтисоси 06.01.05 - Селексия ва тухмипарварии растаниҳои кишоварзӣ баргузор мегардад.

Бо матни диссертатсия ва автореферати он тавассути сомонаи Институти зироаткории Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон ва китобхонаи институт бо нишонии 735022, ш. Ҳисор, шаҳраки Шарора, кӯчаи Дӯстӣ шинос шудан мумкин аст.

 

Календарь

13:58, 20th May 2024
«  Май 2024  »
ВПВСЧПС
1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031