22 апрели соли 2021, соати 13:30 дар Шӯрои диссертатсионии 6D.КОА-005, дар Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи А.Дониши Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон (ш. Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ, 33, маҷлисгоҳ) ҳимояи диссертатсияи Қаландарова Олия Искандаровна дар мавзӯи «Мафҳуми тасвирҳои ҷавоҳироти Бохтар-Тахористон ва Суғд» барои дарёфти дараҷаи илмии номзади илмҳои таърих аз рӯйи ихтисосҳои 07.00.06 – Бостоншиносӣ ва 07.00.09 – Таърихнигорӣ, маъхазшиносӣ ва методҳои таҳқиқоти таърихӣ (илмҳои таърих) баргузор мегардад.

Бо матни диссертатсия ва автореферати он тавассути сомонаи Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи А.Дониши Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва дар китобхонаи марказии илмии АМИТ бо нишонии 734025 ш. Душанбе, х. Рӯдакӣ, 33 шинос шудан мумкин аст.

 

Календарь

07:58, 3rd June 2024
«  Июнь 2024  »
ВПВСЧПС
1
2345678
9101112131415
16171819202122
23242526272829
30