25 июни соли 2020, соати 14:00 дар Шӯрои диссертатсионии 6D.КОА-042 назди Муассисаи давлатии таълимии «Донишкадаи таҳсилоти баъдидипломии кормандони соҳаи тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ҳимояи такрории Муҳамедов Шамсиддин Шавкатович дар мавзӯи «Ба таъмин даровардани ҳолати физиологии бофта ва фазои пародонти каноравии дандонҳои такявӣ дар ҷараёни мутобиқшавии онҳо ба конструксияҳои фулузию фарфорӣ» аз руйи ихтисоси 14.01.14 - Дандонпизишкӣ барои дарёфти дараҷаи илмии номзади илмҳои тибб баргузор мегардад.

Бо матни диссертатсия ва автореферати он тавассути сомонаи МДТ «Донишкадаи таҳсилоти баъдидипломии кормандони соҳаи тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва дар китобхонаи донишкада бо нишонии 734026, ш. Душанбе, хиёбони И.Сомонӣ 59 шинос шудан мумкин аст.

 

Календарь

01:51, 26th June 2025
«  Июнь 2025  »
ВПВСЧПС
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930