Саволу ҷавоб

Санҷиши асолати матни диссертатсия ва ё автореферати он пеш аз ҳимоя

Ба таваҷҷуҳи довталабони дараҷаҳои илмӣ расонида мешавад, ки минбаъд санҷиши асолати матни диссертатсия ва ё автореферати он пеш аз ҳимоя бо хоҳиши довталабон дар Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд - КОА) (қарори Раёсати КОА аз 28 октябри соли 2021, №8) ба роҳ монда мешавад.

Барои санҷиш нусхаи электронии диссертатсия ва ё автореферати он, рӯйхати интишороти довталаб ва нусхаи расиди пардохти ҳаққи хизматрасонӣ (ниг. ба нархномаи хизматрасониҳои давлатии пулакии КОА) ба почтаи электронии КОА Diese E-Mail-Adresse ist vor Spambots geschützt! Zur Anzeige muss JavaScript eingeschaltet sein! пешниҳод карда мешавад. Натиҷаи санҷиш низ ба тариқи почтаи электронӣ на дертар аз 5 рӯзи корӣ ирсол карда мешавад.

Сохтори намунавии диссертатсия

КОА

Суроғаи ҳуқуқии КОА: ш. Душанбе, кӯчаи Шевченко, 39 
Телефон: (+992 37) 227 00 09
Факс: (+992 37) 227 55 49 
Почтаи электронӣ:  info@vak.tj koa@vak.tj 

ПОЙГОҲИ ДОДАҲОИ КОА

Пойгоҳи додаҳои КОА

Суроғаи КОА

©vak.tj 2024.
Много шаблонов Joomla на JooMix.org