18 марти соли 2021, соати 11:00 дар Шӯрои диссертатсионии 6D.KOA-041 назди Институти масъалаҳои об, гидроэнергетика ва экологияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон (ш. Душанбе, к. Айнӣ, 14а, маҷлисгоҳ) ҳимояи такрории якдафъаинаи диссертатсияи Бозоров Шамсуддин Аломуддинович дар мавзӯи «Моделҳои оптимизатсионии таъмини устувории ҷоришавии раванди прокаткаи тасмаҳои баланд дар навардҳои печдарпеч» оид ба дарёфти дараҷаи илмии номзади илмҳои техникӣ аз рўйи ихтисосҳои 05.26.01 – Ҳифзи меҳнат (дар металлургия) ва 05.13.18 – Моделсозии математикӣ, усулҳои ададӣ ва маҷмӯи барномаҳо баргузор мегардад.

Бо матни диссертатсия ва автореферати он тавассути сомонаи ИМО,ГЭ ва Э АМИТ ва дар китобхонаи Институт бо нишонии 734042, ш. Душанбе, кӯчаи Айнӣ, 14А шинос шудан мумкин аст.

 

Пойгоҳи додаҳои КОА

Пойгоҳи додаҳои КОА

Тақвим

17:37, 20th May 2024
«  Май 2024  »
ЯДСЧПҶШ
1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031