09 октябри соли 2021, соати 10:00 дар шӯрои диссертатсионии 6D.КОА-014 дар назди Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Ш.Шоҳтемур (ш.Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 146) ҳимояи такрории кори диссертат-сионии Саидов Мирзохуҷа Саъдуллоевич дар мавзӯи “Самаранокии иқтисодии шаклҳои хоҷагидории бозорӣ (дар маводи хоҷагиҳои кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон)” барои дарёфти дараҷаи илмии номзади илмҳои иқтисодӣ аз рӯйи ихтисоси 08.00.05 – Иқтисодиёт ва идоракунии хоҷагии халқ: иқтисодиёт, ташкил ва идоракунии корхонаҳо, соҳаҳо, комплексҳо (комплекси агросаноатӣ ва кишоварзӣ) баргузор мегардад.
Бо матни диссертатсия ва автореферати он тавассути сомонаи ДАТ ба номи Ш.Шоҳтемур ва дар китобхонаи донишгоҳ бо нишонии: 734003, ш.Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 146 шинос шудан мумкин аст.

 

Пойгоҳи додаҳои КОА

Пойгоҳи додаҳои КОА

Тақвим

17:36, 20th May 2024
«  Май 2024  »
ЯДСЧПҶШ
1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031