26 марти соли 2022, соати 10:00 дар Шӯрои диссертатсионии 6D.КОА-015 дар назди Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Ш. Шоҳтемур (ш. Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ, 146) ҳимояи якдафъаинаи диссертатсияи Қадамов Аслам Қурбонович дар мавзӯи «Таъсири фарсоиши бодӣ ба хок ва ҳосилнокии агроландшафтҳо ва усулҳои мубориза бо он дар водии Вахони ВМКБ, Ҷумҳурии Тоҷикистон» барои дарёфти дараҷаи илмии доктори илмҳои кишоварзӣ аз рӯи ихтисоси 06.01.02 - Мелиоратсия, барқарорсозӣ ва ҳифзи замин баргузор мегардад.

Бо матни диссертатсия ва автореферати он тавассути сомонаи ДАТ ба номи Ш. Шоҳтемур ва дар китобхонаи донишгоҳ бо нишонии 734003, ш. Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 146 шинос шудан мумкин аст.

 

Пойгоҳи додаҳои КОА

Пойгоҳи додаҳои КОА

Тақвим

17:06, 20th May 2024
«  Май 2024  »
ЯДСЧПҶШ
1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031