11 сентябри соли 2025, соати 14:00 дар шурои диссертатсионии 6D.KOA-043 назди Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (ш. Душанбе, кӯчаи М. Мастонгулов, 3) ҳимояи диссертатсияи Анварзода Самандар Анвар дар мавзуи «Асосҳои ҳуқуқии танзимкунандаи истифодабарии натиҷаҳои фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ» барои дарёфти дараҷаи илмии номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ аз рӯйи ихтисоси 12.00.12 – Криминалистика; фаъолияти судӣ-экспертӣ; фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ баргузор мегардад.
Бо матни диссертатсия ва автореферати он тавассути сомонаи Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар китобхонаи Академия бо нишонии 734012, ш. Душанбе, кӯчаи М.Мастонгулов, 3 шинос шудан мумкин аст.