Previous Next

Таҳлил ва натиҷагирӣ аз фаъолияти шуроҳои экспертӣ

Бо мақсади баррасии масъалаҳои низоми аттестатсияи кормандони илмӣ ва илмӣ-техникии тахассуси олӣ ва қадршиносии аъзои шурои экспертии Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон маҷлиси тантанавӣ доир гардид.

Дар назди ҳозирин раиси Комиссия, профессор Давлатзода Сайфиддин Хайриддин баромад намуда, иброз дошт, ки бо ташаббус ва ибтикори бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади ҳимояи сарвати зеҳнии кишвар ва шаклгирии пурраю мустақими  илми тоҷик Муассисаи давлатии «Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 12 августи соли 2014, №255 таъсис дода шуд.

Баъди тасдиқи Низомнома ва сохтори Комиссия 6 бастаи ҳуҷҷатҳо оид ба дарёфти дараҷаҳои илмӣ аз шуроҳои диссертатсионӣ ва 15 парвандаи атестатсионӣ барои дарёфти унвонҳои илмӣ аз муассисаҳои илмӣ ва таҳсилоти олии касбии кишвар ворид гардиданд. Ин шумора дар айни замон дар 10 соли фаъолияти Комиссия ба 2549 адад расидааст.

Қобили зикр аст, ки дастгирии таҳқиқоти илмӣ, густариши ҳамкориҳо бо марказҳои муосири илмӣ, озмоишгоҳҳо ва ба роҳ мондани ҳамкории муассисаҳои илмӣ бо истеҳсолот дар меҳвари асосии таваҷҷуҳи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорад.

Фаъолияти Комиссия имрӯз ҳам дар самти аттестатсияи кормандони илмӣ ва илмӣ-техникии тахассуси олӣ дар доираи талаботи санадҳои меъёрии ҳуқуқии амалкунанда амалӣ мегардад.

Бояд зикр дошт, ки дар низоми аттестатсияи кормандони илмӣ ва илмӣ-техникии тахассуси олӣ нақши шуроҳои экспертӣ ҳамчун мақоми илмӣ-ҷамъиятӣ барои баррасии воқеъбинонаи масъалаҳои вобаста ба аттестатсияи кормандони илмӣ ва илмӣ-техникии тахассуси олӣ муҳим арзёбӣ мегардад.

- Бо истифода аз фурсати муносиб иброз медорем, ки ҳайати шуроҳои экспертии назди Комиссия тӯли солҳои фаъолияташон дар ин самт корҳои созандаеро ҷиҳати мустаҳкамсозӣ, ташаккул ва муаррифии илми тоҷик ба сомон расониданд, - гуфт раиси Комиссия Сайфиддин Давлатзода. - Табиист, ки бо анҷоми муҳлати муқаррарӣ ҳайати онҳо бояд бозбинӣ карда шаванд. Аз ин рӯ, қаноатмандии аҳли илми кишвар ба раисон, муовинони раис, котибони илмӣ ва ҳайати бознигаришудаи шуроҳои экспертӣ расонида шуда, ба ҳайати нави шуроҳои экспертӣ омӯзиши таҷрибаи шуроҳои экспертии қаблӣ, идомаи озодандешӣ, серталабӣ, воқеъбинӣ ва экспертизаи беғаразонаи парвандаҳои аттестатсионӣ таманно гардид.

Иттилоъ дода шуд, ки айни замон дар назди муассисаҳои илмӣ ва таҳсилоти олии касбии кишвар 73 шуроҳои диссертатсионӣ таъсис дода шудаанд, ки аз рӯйи 180 ихтисос диссертатсияҳоро барои дарёфти дараҷаҳои илмии номзади илм, доктори илм ва доктори фалсафа (PhD)-доктор аз рӯйи ихтисос қабул ва баррасӣ менамоянд. Аз аввали фаъолияти Комиссия 2068 диссертатсияҳо тасдиқ гардидаанд, ки аз инҳо 54 нафарашонро шаҳрвандони хориҷӣ ташкил медиҳанд.

Хоса таъкид шуд, ки ҳамаи дастовардҳо дар соҳаи илм бо ташаббус ва иқдоми бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва ҳамкории муассири ниҳодҳои дахлдор амалӣ карда мешавад.

Дар фароварди маҷлиси тантанавӣ бо фармоиши раиси Комиссия барои саҳми арзанда гузоштан дар татбиқи низоми миллии аттестатсияи кормандони илмӣ ва илмию техникии тахассуси олӣ 34 нафар аъзои шурои экспертӣ бо “Сипоснома”-и Комиссия сарфароз гардонида шуданд.

Аъзои шурои экспертӣ, профессорон Кароматулло Олимов, Эмомалӣ Насриддинзода, Икром Қурбонов ва Абдураҳмон Қурбонов баромад карда, баён доштанд, ки таҳким бахшидани иқтидори илмии кишвар, ҷорӣ кардани ихтироот дар истеҳсолот, устувор гардонидани пояҳои моддиву техникии муассисаҳои таълимӣ, баланд бардоштани сифати таълим дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот, ҷалби боз ҳам васеи истеъдодҳои ҷавон ба омӯзиши технологияҳои муосир ва корҳои эҷодиву техникӣ вазифаи муҳимтарини соҳаҳои илму маориф мебошад ва мо ба идома додани ҳамкории судманд ва созанда бо Комиссия омода ҳастем.

Ба ибрози раиси Комиссия Давлатзода С.Х., муассиса кӯшиш ба харҷ медиҳад, ки дар ҳамкорӣ бо Вазорати маориф ва илм, Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илм, Академияи миллии илмҳо ва академияҳои соҳавӣ ҷиҳати баланд бардоштани сатҳи фаъолияти муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ дар соҳаи аттестатсияи кормандони илмӣ ва илмию техникии тахассуси олӣ, ки аз Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии мамлакат бармеоянд, тадбирҳои муассирро амалӣ созад. Вазъи имрӯзаи илми кишвар тақозо менамояд, ки ҷиҳати ба равандҳои ҷаҳони имрӯза мутобиқ намудан ва тибқи талаботи замони муосир ба роҳ мондани фаъолияти муассисаҳои илмӣ ва таҳсилоти олӣ дар самти аттестатсияи кормандони илмӣ ва илмӣ-техникии тахассуси олӣ тадбирҳои муассир андешида шаванд.

КОА

Суроғаи ҳуқуқии КОА: ш. Душанбе, кӯчаи Шевченко, 39 
Телефон: (+992 37) 227 00 09
Факс: (+992 37) 227 55 49 
Почтаи электронӣ:  info@vak.tj koa@vak.tj 

ПОЙГОҲИ ДОДАҲОИ КОА

Пойгоҳи додаҳои КОА

Суроғаи КОА

©vak.tj 2024.
Много шаблонов Joomla на JooMix.org